ТАЪСИСИ ШАБАКАИ УМУМИИ РОҲҲОИ ОҲАНИ ОСИЁ

Июнь 13, 2009 10:59

                       Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- 11 июн дар қароргоҳи марказии Комиссияи махсуси иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ба муносибати эътибори қонунӣ пайдо кардани Созишномаи байниҳукуматии роҳҳои оҳани мамлакатҳои Осиё ҷамъомади серодам баргузор гардид.  Созишнома меъёрҳои байналхалқии истифодаи роҳҳои оҳанро муқаррар менамояд. Дар асоси он дар қитъаи Осиё чор шабакаи роҳҳои оҳани байналхалқӣ ташкил карда мешавад. Дарозии умумии он 114 ҳазор киломатр буда, 28 мамлакатро бо ҳамдигар мепайвандад.                       Созишномаи мазкур дар ҳамаи давлатҳои қитъаи Осиё ба тасвиб расонда шуд.  

Июнь 13, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!