ТЎҲФАИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БА КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ЧИН
Пекин, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сафири кабири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дирӯз дар шаҳри Пекин бо директори Китобхонаи миллии Чин, доктор Зан Фурӯғӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки Китобхонаи миллии Чин бо 557 китобхонаи 117 мамлкати ҷаҳон муносибатҳои ҳамкорӣ дорад. Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мубодилаи нусхаи китобҳои нодир мебошад. Роҳбарияти китобхона изҳор намуд, ки бо Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кардан мехоҳад. Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки ҳамкории китобхонаҳо ба таҳкими дӯстии халқҳои ҳар ду кишвар мусоидат намуда, дар таърихи умумии мо саҳифаҳои нав мекушояд. Рашид Олимов дар фарҷоми сӯҳбат ба Китобхонаи миллии Чин асари дуҷилдаи Абуали ибни Сино ба забонҳои тоҷикию русӣ, маҷмӯаи ашъори Абуабдуллои Рӯдакӣ ва китоби «Эмомалӣ Раҳмон- Президенти мо», инчунин албомҳои мусавварро дар бораи Тоҷикистон тӯҳфа намуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






