ЎЗБЕКИСТОН ИНТИҚОЛИ ГАЗРО БА ТОҶИКИСТОН ҚАТЪ КАРДАН МЕХОҲАД
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҷамъияти саҳҳомии «Узтрансгаз» ба унвони ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» мактуби расмӣ фиристода, огоҳ кард, ки дар мавриди то 15 июн бознагардондани қарзи гази қаблан истифодашуда интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ менамояд. Муовини аввали ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҷониби Ўзбекистон дар ин масъала қабл аз ин ҳам чандин маротиба огоҳинома фиристода буд, вале интиқоли газ қатъ карда нашуд. Тоҷикистон имрӯз аз ҷамъияти саҳҳомии «Узтрансгаз» қариб 18 миллион доллари ИМА қарздор мебошад. «Қарзи мазкур аз ҳисоби напардохтани маблағи гази истифодашуда дар корхонаҳои калони мамлакат, аз ҷумла ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи тоҷик», «Корхонаи семент», «Сомонсуғдгаз», корхонаи шишабарории «Лаъл» ва ғайраҳо ба вуҷуд омадааст. Вақте ки ин корхонаҳо пули гази истифодабурдаашонро диҳанд, имконияти баргардондани қарзи ҶС «Узбтрансгаз» пайдо хоҳад шуд»,- гуфт Ш. Шоимов.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






