ВАЗОРАТҲОИ ДИФОИ ИДМ ҲАМКОРИРО ТАВСЕА МЕБАХШАНД

Июнь 1, 2009 16:04

                       Душанбе, 1 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи назорати вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ аз масъалаҳое, буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 1 июн баррасӣ шуданд.                        Роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Азимов, Додихудо Саймиддинов ва Сафаралӣ Раҷабов сухан карда, моҳияти онҳоро шарҳ доданд. Зикр шуд, ки раванди рушди ҷомеа ва соҳаҳои мухталифи кишвар тақозои ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба як қатор қонунҳои кишвар ба миён овардааст. Аз ин рӯ, мақсад мувофиқ кунонидани қонунҳои амалкунанда ба меъёрҳои кунунии соҳаҳои мухталифи мамлакат мебошад.

Июнь 1, 2009 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!