ЗАДУХЎРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР САРҲАД
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- Марзбонони Раёсати умумии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соати 4-и субҳи 1 июн дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» дар ҳудуди посгоҳи сарҳадии Панҷи поён амалиёти махсус гузарониданд. Дар ин ҷо, тибқи хабари пешакӣ расида, аз қаламрави Давлати Исломии Афғонистон тавассути дарёи Панҷ ба воситаи қаиқ гурӯҳи қочоқчиёни мусаллаҳ таҳти роҳбарии Қорӣ валади Ҳошим ба қаламрави Тоҷикистон гузаштан мехост. Марзбонони тоҷик шабона гузаргоҳи қочоқчиёнро муайян намуда, дар он ҷо камин гирифтанд. Баъди аз дарё гузаштани қочоқчиён байни онҳо ва марзбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар ҷараёни он як нафар қочоқчӣ кушта шуд. Қочоқчиёни дигар аз торикии шаб ва қамишзор истифода бурда ба қаламрави Афғонистон ақиб нишастанд. Марзбонони тоҷик баъди анҷоми задухӯрд дар маҳалли воқеа як ҷасади қочоқчӣ, як халтаи 10 килограммаи афюни хом ва як туфангчаи Макаровро дарёфт намуданд. Дар натиҷаи задухӯрд як марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Айни ҳол шахсияти қочоқчии ҳалокшуда муайян карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






