ЗАРИФ АЛИЗОДА: «ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ИСТИФОДА МЕКУНЕМ»
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Самти оғози фаъолияти ман дар мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа нигаронида мешавад», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода. Зариф Ализода иброз дошт, ки алҳол ба масъалаҳои ташкилӣ ва сохтории ин идораи нав машғул аст. Фаъолияти сохтори нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шуда, дар он ҳудуди 20 нафар мутахассисони дорои таҷрибаи пешқадами бахши ҳуқуқ, идораи давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд. Ин идора мустақил буда, ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар масъул аст. Хусусан фаъолияти ин идораи нав бештар ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳо, маҳбусон, ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шудааст. Дар ин идораи нав шикояти шаҳрвандон оид ба вазъи ҳуқуқашон баррасӣ шуда, дар натиҷаи санҷиш нисбати он хулосаҳои даркорӣ бароварда мешавад. Ҳамкории самарабахши ин идора бо сохторҳои гуногуни ҷомеа, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалие, ки фаъолияти худро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон нигаронидаанд ва воситаҳои ахбори омма яке аз самтҳои асосии фаъолияташ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, идораи мазкур дар мавриди гузаронидани мониторинг оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши босазо мегузорад. Зимни посух ба саволе, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст, нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода гуфт, ки назар ба солҳои қаблӣ ва дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтар гардидааст. Зеро мардум бештар ташаббускор гардидаанд ва дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми худро мегузоранд. Ҳамзамон, Зариф Ализода изҳор дошт, ки дар оянда сохтори нав нашрияи худро чоп менамояд. Нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар фаъолияти кориаш дар ин мансаби пуршарафу масъулиятнок бештар таҷрибаи миллии кишварамон — шароиту имкониятҳои дохилӣ, заковат ва ҷаҳонбинии мардумро истифода менамояд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардида буд ва дар ин бораи Қонун дар соли 2008 аз ҷониби парлумон қабул гардид. 27 май дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Зариф Ализода нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






