ҒОРАТГАРОН ҲАНӮЗ ДАСТГИР НАШУДААНД

Июль 21, 2009 11:17

                   Қӯрғонтеппа, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). — Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Шодибек Раҷабов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи вилоят барои фош намудани ҷинояти 25 феврал дар Қӯрғонтеппа содиршуда тамоми тадбирҳоро меандешанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни тадбирҳои андешидашуда шахсияти яке аз ғоратгарон муқаррар карда шуд. Кормандони мақомоти дахлдор айни ҳол ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Номи ҷинояткорон бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш зикр карда намешавад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки шахсони номаълум 25 феврали соли равон яке аз бунгоҳҳои ҳаволаи пули бонки «Эсхата» — ро дар Қӯрғонтеппа ғорат карданд. Ҷинояткорон дасту пои корманди бонкро баста, ба даҳони ӯ қоғази сиреш (скотч) часпонда, маблағи калони пулро ба яғмо бурда, ба самти номаълум ғайб заданд.

Июль 21, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад