А. САТТОРОВ: «ҲАДАФИ МО МОНОПОЛИСТ ШУДАН НЕСТ»

Июль 13, 2009 14:14

                 Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба кам ворид шудани мошинҳои сабукрав таъсир расонид, ки аз ин сабаб ба буҷаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» кам маблағ ворид шуд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов иброз дошт.                  Ӯ афзуд, ки Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ҳадафи дар бозори суғуртавии мамлакат монополист шуданро надорад. Аммо, рақобат байни ширкатҳои суғуртавӣ бояд рақобати солим боша два дар натиҷаи он сифати хизматрасонӣ низ беҳтар мегардад. «Бигзор имрӯз дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ даҳҳо ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият кунанд, лекин рақобати солимро ба роҳ монанд, ки тавассути он сатҳу сифати намудҳои суғурта ва хизматрасонӣ баланд гардад», — тазаккур дод А. Сатторов.                  Мавриди зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳамаи намудҳои суғурта ба буҷаи «Тоҷиксуғурта» 15.675,9 ҳазор сомонӣ пардохт ворид шудааст, ки 110 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз ин шумора 10.896,8 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 4.779 ҳазор сомонии дигараш ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб аст. Дар ин давра Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 4.100,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар ҳақгузорӣ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1.377,2 сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 13, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад