БАҚИЯПУЛИҲО ДАР ШАБАКАИ БАРҚӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», С. Ховар). -Ҷамъи умумии қарзи барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 13596, 36 сомониро дар бар мегирад, аз пардохти ҳаққи хизматрасонии барқ аз ташкилоту муассиса ва аҳолии навоҳии ин минтақа изҳори нигаронӣ карда, гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини раиси ҶСНК «Шабакаҳои барқии Кӯлоб» Сафаралӣ Довудов. Ба гуфтаи ӯ қарзи калонтарин аз хисоби хоҷагии оби минтақа, насосҳои обёрии мошинии ноҳияи Восеъ, Фархор ва Мӯминобод ба шумор рафта, то ин ҷониб ба маблағи 6590, 09 сомонӣ аз пардохти ҳаққи хизматрасонии барқ қарздор мебошанд. Довудов афзуд сабаби қарздории барқ иҷро нагардидани шартномаҳои тарафайн байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хочагиҳои об мебошад, ки то ин ҷониб хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаққи хизматрасонии обро пардохт накарданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






