ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ДАР ПОЙТАХТ 15,2 % АФЗУДААСТ
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар нимсолаи якуми соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар пойтахт 1491,3 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 2,1 фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 19,1 фоизро ташкил медиҳад. Ин матлаб дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нимсолаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, матраҳ гардид. Зикр шуд, ки дар ин давра новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ 126 корхонаи саноатии пойтахт нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуданд. Ин нишондод бештар ба корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум рост меояд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа нисбати ҳамин давраи соли гузашта15, 2% афзудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






