ЛОИҲАИ ПЕШГИРИИ ВНМО (СПИД) МИЁНИ ҶАВОНОН ЯК СОЛИ ДИГАР ТАМДИД ШУД

Июль 21, 2009 14:05

               Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст, ки дар самти татбиқи «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» натиҷаҳои назаррасро ноил гардад.                     Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади пешгирии бемориҳои махсусан хавфнок миёни ҷавонони деҳот Кумита дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ оид ба муборизаи зидди ВИЧ/СПИД ва бемории вараҷа дар Тоҷикистон, аз 25 июни соли 2008 Лоиҳаи «Пешгирии вируси норасоии масунияти одам миёни ҷавонони деҳот»-ро давоми солҳои 2008-2009 амалӣ гардонидааст.                    Дар доираи ин Лоиҳа 50 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун минтақаҳои таҷрибавӣ интихоб гардида беш аз ҳазор нафар ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони фаъол омода гардидаанд. Лоиҳаи мазкур аз шаш соҳаҳои афзалиятнок иборат буда дар татбиқи онҳо ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст.                    Ба ҳисоби умумӣ дар доираи Лоиҳа 475384 нафар наврасон ва ҷавонон бо иттилооти таблиғотӣ дар бахши тарзи ҳаёти солим ва омилҳои номатлуби иҷтимоӣ аз қабили хариду фурўши инсон, худкушӣ, ҷинояткорӣ ва муҳоҷират меҳнатӣ фаро гирифта шуданд.                   Лоиҳаи мазкур дар ин давра дар ҳаҷми 1338271 сомонӣ бо дастгирии Хазинаи глобалӣ маблағгузорӣ гардидааст.                   Бо дарназардошти муваффақиятҳои боло ва муҳими проблема Лоиҳаи пешгирии ВНМО миёни ҷавонони деҳот боз барои як соли оянда аз 1 июли соли 2009 то 30 июни соли 2010 тамдид ёфт.    

Июль 21, 2009 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад