МЕЪМОРИИ МИЛЛӢ ДАР СОХТМОН РИОЯ МЕШАВАД

Июль 21, 2009 10:36

                 Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории Агентии сохтмон ва меъморӣ Абдувалӣ Комилов, минбаъд ҳангоми сохтмони иншоот ва шаҳрсозӣ меъмории миллӣ ба назар гирифта мешавад.                  Алҳол нақшаҳои генералии шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Нуробод, Балҷувон пурра таҳия шуда бо Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон мувофиқа шудаанд.Ҳамчунин таҳияи нақшаи генералии маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Ҷиргатол ва Тоҷикобод идома дорад.                  Умуман ба гуфти директории Агентии сохтмон ва меъморӣ Абдувалӣ Комилов, дар 19 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси нақшаҳои генералӣ корҳои бунёдкорӣ идома дорад.                  Бино ба гуфти ҳамин манбаъ, хонаҳои 60- 70 сол пеш сохташуда ҳам аз нав таҷдид карда мешаванд.

Июль 21, 2009 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад