МУКОФОТҲО БА БИНОКОРОНИ НБО «САНГТӮДА — 1»
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 30 июл ба 12 шаҳрванди Федератсияи Русия, ки дар сохтмони НБО «Сангтӯда — 1» саҳми калон гузоштаанд, мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро супорид. Аз ҷумла, ба як нафар ордени «Дӯстӣ», ба як нафар ордени «Шараф» дараҷаи якум, ба се нафар ордени «Шараф», дараҷаи дуюм ва ба 7 нафар медалҳои «Хизмати шоиста» супорида шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев низ ба 11 нафар шаҳрванди Тоҷикистон орденҳои «Ифтихор» ва «Дӯстӣ» — и Федератсияи Русияро супорид. Тарҷумон — Қудратов А.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






