МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ АФҒОНИСТОН
Маскав, 31 июл. (АМИТ»Ховар» — Афғон.Ру.). — 30 июл дар Вазорати корҳои хориҷии Русия мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Алексей Бородавкин бо ҳайати намояндагони Афғонистон ва ташкилкунандагони анҷумани байналхалқии созмонҳо ва ҷамъиятҳои Афғонистон баргузор гардид. Анҷумани мазкур аз 27 то 30 июл дар пойтахти Русия гузаронида шуд. Зимни мулоқот масъалаҳои равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба ва вусъати ҳамкории Афғонстону Русия муҳокима шуданд. Дипломати рус нуктаҳои асосии эъломияи дар Анҷумани байналхалқии афғонҳо қабулгардидаро дастгирӣ намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар Анҷумани байналхалқии ҷамъиятҳо ва созмонҳои афғонҳо намояндагони ҷамъиятҳои афғонҳои сокини Русия, ИМА, мамлакатҳои Аврупо, ИДМ, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат варзиданд. Анҷуман бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти Афғонистони имрӯза ва Маркази мусоидат ба шаҳрвандони Афғонистон бо кӯмаку дастгирии Агентии иттилоотии «Новости» ва кафедраи шарқшиносии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав даъват карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






