МУЛОҚОТИ ТАЪРИХӢ
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай чунин мешуморад, ки мулоқотҳои ӯ бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе оғози ҷараёни таъмини сулҳу субот чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар саросари минтақа хоҳад гашт. Вай зикр намуд, ки Афғонистон ҳуҷҷатҳои дар Душанбе имзошударо ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, зеро ҳамаи онҳо ба рушду нумӯи иқтисодиёти минтақа равона карда шудаанд. Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои имзошуда ба манфиатҳои миллии Покистон пурра ҷавобгӯ мебошанд. Вай мулоқоташро бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай воқеаи таърихӣ номида, зикр кард, ки ин мулоқот дар муносибатҳои мутақобила ва ҳамкории ҳар се давлат саҳифаи нав боз кард. Президенти Покистон қатъан изҳор намуд, ки мамлакаташ тайёр аст дар муборизаи муштарак ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ҳамроҳи Тоҷикистону Афғонистон фаъолона саҳм гузорад. Осаф Алии Зардорӣ дар хотима ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, пешниҳод кард, ки минбаъд чунин мулоқотҳо дар мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон гузаронида шаванд. Тавре хабар дода шуда буд, мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар саробӯстони берунишаҳрии ҳукуматии «Варзоб» баргузор гардид.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






