НБО «САНГТӮДА — 1» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Субҳи 31 июл маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда — 1» баргузор гардид, ки дар он Президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев иштирок доштанд. Президенти Тоҷикистон дирӯз дар робита изҳор намуд, ки ба истифода додани нерӯгоҳ на танҳо таъминоти Тоҷикистонро бо қувваи барқ беҳтар месозад, балки самараи амалии муносибатҳо ва ҳамкории стратегии мо мебошад. НБО «Сангтӯда — 1» иншооти калонтарини тавлиди қувваи барқ мебошад, ки баъди барҳам хӯрдани ИҶШС дар Осиёи Марказӣ бунёд карда шуд. Онро мутахассисони Тоҷикистону Русия сохтанд. Русия ва Тоҷикистон соли 2004 дар бораи давом додани сохтмони нерӯгоҳи мазкур созишнома имзо карда буданд. Мувофиқи он Ҷамъияти саҳҳомии «НБО «Сангтӯда — 1» ташкил карда шуд. 75 фоизи саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25 фоизи онҳо ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Агрегати аввали нерӯгоҳ моҳи январи соли 2008, агрегати дуюми он моҳи июл ва агрегати сеюми нерӯгоҳ моҳи нояби соли 2008 ба кор дароварда шуданд. Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳ 17,2 миллиард рубли Русияро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






