ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН РАФТ
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафари кории Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон анҷом ёфт. Д.Медведев зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар чараёни мулоқот вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин нақшаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, таъмини амният ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира муҳокима шуданд. Сарони ҳар ду давлат 30 июл дар Душанбе созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар бораи ҳамкорӣ дар истифодаи НБО «Сангтӯда — 1» имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев 31 июл дар маросими ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» иштирок намуда, инчунин аз комплекси оптикию электронии «Окно» дар Норак боздид ба амал оварданд. Президенти Русия Д.Медведев чошти 31 июл аз Душанбе ба Қирғизистон рафт. Ӯ дар ин ҷо дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард. Мулоқоти мазкур 31 июл ва 1 август дар соҳили Иссиқкӯл баргузор мегардад. Дар ҷараёни он масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва мувофиқ сохтани сиёсати иттилоотии мамлакатҳои аъзои созмон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.Тарҷумон — Қудратов А.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






