«ТОҶИКМАТЛУБОТ» АНДОЗРО БАРЗИЁД МЕСУПОРАД

Июль 21, 2009 15:20

                 Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети давлат 9,6 миллион сомонӣ андоз супорида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008-ум 2,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 21 июл, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев.                  Ӯ афзуд, ки фоидаи бадастомада дар соҳаи кооператсияи матлубот 7,3 миллион сомониро ташкил намуд ва ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 2,2 миллион сомонӣ афзуд.                  Аз ҳисоби ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаҳои хизматрасон дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ 1150 нафар бо ҷойҳои иловагии кор таъмин карда шуданд. «Чораҳои амалигардонидаи Раёсат дар бобати паст кардани сатҳи камбизоатӣ имкон доданд, ки музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 32 фоиз афзоиш ёбад», — илова намуд раиси «Тоҷикматлубот».                 Мавриди зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон ба маблағи 37,2 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ харида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2008-ум 7,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Имсол дар асоси 883 адад шартномаҳои тарафайн бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар кишоварзон 29978 тонна маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ карда мешавад. То имрӯз аз ҳисоби 30 фоизи маблағи бо ин мақсад пешбинишуда, алакай 593 ҳазор сомонии он пешпардахт гардидааст.  

Июль 21, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад