ВАҚТИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЙҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1,5 СОАТ КАМ КАРДА ШУД

Июль 6, 2009 14:21

              Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 1-уми августи соли ҷорӣ вақти гузаронидани тӯйҳо дар шаҳр аз 3 соати муқарраршуда то 1,5 соат кам карда мешавад.              Қабули ин қарор яке аз маҷмӯи он масъалаҳоест, ки дар сессияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул гардид.              Тибқи қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои шаҳр ӯҳдадор карда шуданд, ки дар давоми 5 рӯз дар ҳар як маҳаллаю шаҳрак ташкилотҳои ҷамъиятии ташаббускор таъсис дода шуда, минбаъд дар якҷоягӣ бо онҳо оид ба расонидани иттилооти саривақтӣ ба аҳолӣ ҳамкорӣ намоянд, зеро сабаби бисёр қоидавайронкуниҳо аз рӯи нофаҳмӣ мебошад. Комиссия корхои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, сокинони пойтахтро бо қарор, амр ва супоришҳои шаҳрдорӣ ошно месозад.

Июль 6, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад