ВОРИДОТИ АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО ДАР 19 МАҚОМОТИ МИНТАҚАВИИ АНДОЗ ТАЪМИН КАРДА

Июль 21, 2009 16:57

                     Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Нақшаи андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 101,0 % иҷро гардида, ба ҷойи 215,5 миллион сомонии пешбинишуда 217,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки он аз нақша 2,2 миллион сомонӣ бештар мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 65,5 миллион сомонӣ зиёд аст, гуфт имрӯз 21 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов.                      Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар нимсолаи аввали соли 2009 дар 19 мақомоти минтақавии андоз таъмин карда нашуд, аз ҷумла дар вилояти Хатлон нозиротҳои андози ноҳияҳои Бохтар (93,6%), Вахш (98,6), Ҷалолиддини Румӣ (71,1), Хуросон (94,8), Ҷиликул (84,1), Қубодиён (87,0), Абдураҳмони Ҷомӣ (93,4), Панҷ (74,8), Шаҳритус (85,5), Сарбанд (97,1), Носири Хусрав (95,7), Восеъ (95,6), Қумсангир (89,5) ва Норак (94,6), дар вилояти Суғд шаҳри Панҷакент (94,1), ноҳияҳои Зафаробод (70,9), Мастчоҳ (85,4) ва Спитамен (99,0) аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияи Варзоб (95,5) аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромаданд.

Июль 21, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд