ҚАҲҲОРОВ «ОЗОДӢ»-РО ФАТҲ КАРД

Август 11, 2009 15:17

                  Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Қуллаи «Озодӣ», ки баландиаш 6230 метр аст, аз ҷониби кӯҳнаварди тоҷик Шамсуллло Қаҳҳоров фатҳ гардида, парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои он гузошта шуд. Кӯҳнаварди тоҷикро дар фатҳи ин қулла дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ гурӯҳи кӯҳнавардони кишварҳои Русия, Белорус, Украина, Молдова, Олмон ва Испания ҳамроҳӣ карданд. Дар ин хусус, 10 август аз лагери базавии кӯҳнавардӣ воқеъ дар майдончаи пиряхи «Москвина» тавассути алоқаи кайҳонӣ ба КВД «Сайёҳ» иттилоъ доданд.                 Тибқи иттилои рохбарияти КВД «Сайёҳ», экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии масъалаҳои туризми экологӣ, кӯҳӣ-варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон» экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Евгения Корженевская ва Озодӣ гузашта истодааст.                 Мутасаддии экспедитсияҳо КВД «Сайёҳ» буда, дар он беш аз 150 кӯҳнавард аз Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Чехия, Словения, Испания, Фаронса ва Эрон иштирок доранд. Ҳадафи асосии кӯҳнавардон фатҳи куллаҳои номбурда аст.                   Инчунин, Шамсуло Қаҳҳоров қабл аз фатҳи қуллаи Озодӣ ҳамроҳи кӯҳнавардони Русия, Чехия, Литва ва Эрон қуллаи Евгения Корженевскаяро, ки баландиаш 7105 метр аст фатҳ намуданд.                   Алҳол гурӯҳи кӯҳнавардони экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ ба фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ( баландиаш 7495 метр) омодагӣ мебинанд. Дар назар аст, ки ҳайати экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ нимаи дуюми моҳи август ба Душанбе бармегарданд.

Август 11, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад