ҲАМАДОНӢ: СОДИРОТ БА АФҒОНИСТОН
Ҳамадонӣ, 21 август (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Идораи кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ барои нахустин бор беш аз дусаду панҷоҳ тонна мева ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро барои фурӯш ба давлати исломии Афғонистон интиқол додааст. Масъулини ноҳияи мазкур мегӯянд, ин тасмимро дар паи каме оромтар шудани вазъи Афғонистон гирифтаанд. Қаблан, маҳсулоти истеҳсолии ин ноҳия барои фурӯш ба Русия содир мешудааст. Аммо Амиралӣ Қосимов, раиси раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия мегӯяд, барои интиқоли маҳсулот ба Русия харҷи бештар мешуд ва кишоварзон аз содири маҳсулоти хеш ба ин кишвар манфиати кам медиданд. Ба қавли вай дар ҳоле, ки ноҳияи Ҳамадонӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ин давлат аз лиҳози кӯтоҳии роҳ ва талаботи бештар доштан, манфиатовар аст. Феълан маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ тариқи Бандари Шерхон ба Афғонистон содир карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






