ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи созишномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ ва лоиҳаи қарор дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба низомномаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии давлатҳои ИДМ муҳокима карда мешаванд. Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии давлатҳои ИДМ соли 2000 ташкил ёфта буд. Шӯро ҳамкории прокуратураҳои мамлакатҳои ИДМ — ро ба роҳ андохта, роҳу усулҳои ҳамкории онҳоро дар мубориза ба муқобили ҷиноят, таҳкими қонуният ва ғайра муайян намуда, барои афзун гардондани самараи ин ҳамкорӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Тарҷумон — Қудратов А.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






