ҲАМКОРИИ СММ ВА СААД ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Маскав, 24 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Мувофиқи қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 14 июни соли 2009 намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Виталий Чуркин аз номи намояндагони доимии давлатҳои аъзои СААД ба Муншии умумии СММ Пан Ги Мун мактуб фиристода, хоҳиш кард, ки ба рӯзномаи иҷлосияи 64 — уми Маҷмаи кулли СММ банди иловагӣ таҳти унвони «Ҳамкории СММ ва СААД» зам карда шавад. Дар шарҳи мактуб аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар давраи ҳозираи муносибатҳои байналхалқӣ тамоили вобастагии халқҳо ва мамлакатҳо торафт бештар мушоҳида мешавад. Илова бар ин нақши сиёсии созмонҳои минтақавии давлатҳо торафт пурзӯр мегардад. Ин вазъият хусусан дар ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбию сиёсӣ, таъмини амният, муборизаи муштарак ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира равшан зоҳир мегардад. Дар ҳуҷҷат зикр карда шудааст, ки дар ҳамаи ин самтҳо омезиши шадиди манфиатҳои СММ ва созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла, СААД ба назар мерасад. Бинобар ин муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории СММ ва СААД аҳамияти калон дорад. Дар робита давлатҳои аъзои СААД пешниҳод мекунанд, ки дар иҷлосияи 64 — уми Шӯрои амнияти СММ дар бораи ҳамкории ҳар ду созмон қатънома қабул карда шавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






