ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ

Август 12, 2009 15:47

                Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 10-уми август Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо менеҷери минтақавӣ ва менеҷери хариду фурӯши мамлакатҳои Аврупоӣ корпоратсияи автобусҳои «Higer Bus»-и шаҳри Сучҷоуи Сзионсуи Ҷумҳурии мардумии Чин Рози Ли ва Георгий Кан мулоқот кард.                Ш. Саидов ба меҳмонон дар бораи вазъияти имрӯзаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар соли 2008 зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Инчунин, сухан дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон рафт, ки бо гузоштани сармоя эҳтиёҷ доранд.                Сипас меҳмонон дар бораи ширкати «Higer Bus» маълумот доданд, ки яке аз корхонаҳои калонтарини автобусбарории Чин мебошад. «Higer Bus» дар соли 1998 ба кор даромада, яке аз корхонаҳои калонтарини саноати мошинсозии Чин ба шумор меравад. Вай дар як сол то 14000 автобус истеҳсол мекунад.  

Август 12, 2009 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад