ҲОМЕНЕӢ ХОРИҶИЁНРО ГУНАҲКОР НАМЕШУМОРАД
Теҳрон, 27 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Роҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Ҳоменеӣ изҳор намуд, ки роҳбарони гурӯҳҳои мухолифини баъди интихоботи президент бетартибиҳои оммавӣ ташкилнамуда, бо созмонҳои хориҷӣ алоқа надоранд. Ман ташаббускорони бетартибиҳоро ба ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА ва Британия гунаҳкор намекунам, гуфт вай. Тавре хабар дода шуда буд, баъди интихоботи президенти Эрон, 12 июн саросари Эронро бетартибиҳои оммавӣ фаро гирифта буданд. Дар натиҷаи онҳо камаш 150 нафар ба ҳалокат расид. Ташкилкунандагони бетартибиҳо ва намоишҳои оммавӣ ҳукуматдорони мамлакатро ба тағйир додани натиҷаҳои интихобот гунаҳкор намуданд. Онҳо даъво доштанд, ки дар интихобот сарвазири собиқи мамлакат Мирҳусайнӣ Мӯсавӣ ғалаба ба даст овардааст. Вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар Теҳрон баъзе кормандони намояндагиҳои дипломатии Британияи Кабир ва Фаронса дастгир карда шуданд. Ҳамаи онҳо баъди тафтиш озод карда шуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






