ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ҒАЛЛА

Август 25, 2009 10:41

                     Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мӯҳлати ҷамъоварии ғалла дар саросари мамлакат бо сабаби нарасидани техникаи ҳосилғундор дароз карда шуд. Мудири шӯъбаи ғаллапарварӣ ва зироатҳои техникии вазорати кишоварзӣ Муҳаммадӣ Ормонов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки айни ҳол дар мамлакат техникаи махсуси ҳосилғундор, аз ҷумла комбайнҳо намерасанд. Ҳоло дар хоҷагиҳои мамлакат бештар аз 300 комбайн шабу рӯз кор мекунад. Ҳосили баъзе китъаҳои ғаллазор илова бар ин дастӣ даравида ва ҷамъ оварда мешавад.                    Мутахассисони вазорати кишоварзӣ ва муассисаҳои озуқаворию кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар давоми як моҳ ба ҳамаи минтақаҳои мамлакапт рафта, ҳаҷми ҳосили ғалларо тақрибан муайян намуданд. Ба ақидаи онҳо, соли 2009 дар Тоҷикистон як миллиону 145 ҳазор тонна ғалла ба даст оварда хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки ба ин ҳисоб ҷуворимаака барои дон, шолӣ ва ҳосили ғаллаи кишти такрорӣ дохил намешавад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар мамлакат 643 ҳазору 785 тонна ғалла ҷамъ оварда шуд. Аз ин ҷумла, 595 ҳазору 22 тонна гандум мебошад, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 27,2 сентнерро ташкил медиҳад. Тарҷумон — Қудратов А.

Август 25, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид