ҲУНАРҲОИ ДАСТИИ ТОҶИКОН ДАР ЭКО
Душанбе, 6 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар муассисаи фарҳангии ЭКО воқеъ дар Теҳрон гӯшаи ҳунарҳои дастии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гӯшаи дастони моҳири ҳунармандони чирадасти тоҷик бо ибтикори Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев созмон дода шуд, ки таҷассумгари тамаддуни пурғановати тоҷикон аст. Ин гӯшаро намунаи ҳунарҳои дастӣ, бахусус тоқии кулобӣ, ҷӯробҳои бадахшонӣ, кордҳои истаравшанӣ, парчами миллӣ ва харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сангҳои қимматбаҳои кӯҳистони тоҷик сохта шудааст, зинат бахшида, таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро вориди дунёи ҳунарҳои асили мардуми тоҷик мегардонад. Тибқи иттилои коршиноси умури фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, қарор аст, ки 9 кишвари дигари аъзои ЭКО иқдоми дипломати тоҷикро дастгирӣ намуда, дар оянда гӯшаҳои ҳунарҳои дастии кишварҳояшонро дар муассисаи фарҳангии ин созмони бонуфуз-ЭКО созмон хоҳанд дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






