ҲУНАРНАМОИИ «РУХШОНА»

Август 10, 2009 14:31

                    Душанбе, 10 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба истиқболи 20-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли халқии тарона ва рақси «Рухшона» дар боғи набототи пойтахт бо консерти пуршукӯҳи театрикунонидашуда дили садҳо нафар сокинон ва меҳмонони Душанберо шод гардонд.                   Намоиши театрикунонидашуда бо зуҳури шоҳон Ҷамшед, Куруши Кабир, Дорои -1, Вахшунвард ва шоҳ Исмоили Сомонӣ басо диққатҷалкунанда буда, таърихи давлатдории тоҷиконро дар қарнҳои гуногун таҷассум намуд. Суруду тарона ва оҳангҳои дилошӯби «Навои меҳан», «Ватан», ки ба васфи ватан- модар ишқу муҳаббат бахшида шуда буданд, дили тамошобинонро тасхир гардонид. Инчунин, тарона ва рақсҳои тоҷикӣ, афгонӣ, ҳиндӣ — «Сӯзи дил», «Нозанин», «Гулсанамо», «Ҳамроз» «Дашнбодӣ», «Баҳористон», «Нозукбадан», «Масти баҳор», «Ду чашми ҷоду»дар иҷрои раққосони ансабли «Рухшона» ва савтҳои ҳиндӣ дар иҷрои ҳунармандони Маркази фарҳангии назди Сафорати Ҳиндустон ба тамошобинон як ҷаҳон ғизои маънавӣ бахшид.                    Бояд тазаккур дод, ки ансамбли халқии тарона ва рақси «Рухшона» дар назди ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷикистон» фаъолият дошта, дар тарғиби санъати миллии халқамон дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми босазо мегузорад. Ҳунармандони ансамбл борҳо ба Русия, Фаронса ва Ҳиндустон сафари ҳунарӣ намуда, санъати асили тоҷиконро муаррифӣ намуданд.                   Ҳамзамон, роҳбарияти ансамбли «Рухшона»- аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадраҳим Каримов ният дорад, ки дар моҳи октябр чунин як намоиши театрикунонидашударо, ки аз рақсу таронаҳои дилошӯб иборат аст, пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонад.

Август 10, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад