ҶАЛБИ МАРДУМ БАРОИ ҶУСТУҶӮИ ТИЛЛО
Ховалинг, 25 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Ҳукумати ноҳияи Ховалинг бо тавсияи раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб панҷсад тан сокинони ин ноҳияро барои ҷустуҷӯи тилло ба мавзеи Шугнов сафарбар намудааст. Ҷамоати Шугнов дар масофаи тақрибан 55 километрии ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ба қавли мақомоти ноҳия зери замин захираи зиёди тилло дорад. Дар ҳамин ҳол Сайдаҳмад Пириев, сардори агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бад ин тартиб аксари муҳоҷирони меҳнатии Ховалинг, ки бар асари бӯҳрони молӣ аз Русия баргашта буданд, бо ҷои кор таъмин шуданд. Вай мегӯяд, сокинони ноҳия тариқи шартнома, аз рӯи миқдори пайдо намудани тилло ва хокаи он музд мегиранд. Коркарди тиллои Шугнов дар охирҳои садаи нуздаҳ аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шуда, то кунун идома дорад. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳукумати ноҳияи Ховалинг тасмим дорад, то теъдоди коргаронро дар ин ҷо аз ҳисоби мардуми бумӣ ба 2 ҳазор нафар расонад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






