ҶИНОЯТКОРИ ХАВФНОК БЕЗАРАР ГАРДОНДА ШУД
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 10 август панҷ километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар деҳаи Арбобхотун дар ҷараёни амалиёти махсус сокини ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Шавкат Юсуфови 32 — сола ба ҳалокат расид. Ӯ дар ҷараёни дастгир карданаш ба кормандони милиса муқовимат нишон дод. Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки баъди амалиёт аз шахси кушташуда як автомати Калашников, лавозимоти ҷангӣ, якчанд граната, адабиёти дорои мазмуну мундариҷаи динии ифротӣ, нақша ва харитаи минахобонӣ дар корхонаю муассисаҳо ёфт шуд. Аз ҷумлаи кормандони милиса касе осеб надидааст. Кормандони мақомоти дахлдори Тоҷикистон Шавкат Юсуфовро аз соли 2006 ҷустуҷӯ мекарданд. Ӯ ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз рӯи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкили дастаи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғоратгарӣ, ташкили гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ва ғайра гунаҳкор карда мешуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






