28 ҲАЗОР ҶАВОНОН САФИ ДОНИШҶӮЁНРО ПУРРА МЕКУНАНД
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои омории Вазорати маориф соли таҳсили 2008 — 2009 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварро 90 ҳазору 550 нафар хонандагон хатм намуданд. Аз ин ҳисоб 37 ҳазору 802 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи хатмкунандагони вилояти Хатлон 33 ҳазору 893 нафар буда, 14 ҳазору 145 нафарашон духтарон ва 19 ҳазору 748 нафарашон писарон мебошанд.Дар вилояти Суғд бошад соли таҳсили 2008 — 2009 -ро 27 ҳазору 42 нафар хатм намуд, ки 13 ҳазору 340 нафарашон духтарон мебошанд. Ҳамчунин 20 ҳазору 613 нафар мактабҳои таълимоти ҳамагонии НТҶ ва ВМКБ — ро хатм намуданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 28 ҳазорашон ба мактабҳои олии кишвар ва дигар коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил хоҳанд шуд. Боқимонда қувваи кориест, ки ба ҷомеа пайваста, дар талоши зиндагӣ баҳри пайдо кардани мақоми худ ба истеҳсолот хоҳанд рафт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






