5 ҲАЗОР ЕВРО БАРОИ ТАЪМИРИ МАКТАБ
Бадахшон, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Мегӯянд, то кӯдак гиря накунад, модар ӯро шир намемаконад, яъне то наҷунбӣ чизе ба даст намеояд. Бинои дуюми мактаби миёнаи рақами 22-и деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон чанд сол боз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, аммо дунболи беҳбудии кор касе нашуд. Ибтидои соли ҷорӣ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Юсуфбек Шодмонбеков ба хотири таъмиру азнавсозии ин бино лоиҳаеро ба сафоратхонаи Олмон фиристонд. Дар арафаи соли нави таҳсил сафири Олмон дар Тоҷикистон Клаус Фляйшман аз ин мактаб дидан кард ва лоиҳаро маъқул донисту ваъда дод, ки 5 ҳазор евро кӯмак мерасонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






