АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР НАЗРОН

Август 18, 2009 14:31

                    Назрон, 18 август. (АМИТ «Ховар» — Вести. ру.). — Субҳи 17 август дар даромадгоҳи бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Назрони Ҷумҳурии Ингушистон зимни ҷамъомади кӯтоҳмуддати кормандони милиса як мошини мусофирбари «Газел», ки муҷаҳҳаз бо маводи тарканда буд, тарконда шуд. Ронанда мошинро аз дарвозаи якуми шӯъбаи корҳои дохилӣ гузаронида, вале аз дарвозаи дуюм гузашта натавонист. Кормандони милиса вақти ба қафо ҳаракат кардани мошин ба сӯи он оташ кушоданд. Яке аз онҳо зери борони тир ба мошин расида хост, ки дари онро кушода ронандаро ба берун барорад. Ҳамин лаҳза таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш 20 нафар ҳалок гардида, 138 нафар маҷрӯҳ шуд. 10 нафари маҷрӯҳшудагон бачагони раҳгузар мебошанд. Бар асари таркиш бинои ШКД ва бинои ҳамсояи серошёнаи истиқоматӣ зарари калон диданд.                  Вобаста ба ин амалиёт бо қарори Президенти Русия Д. Медведев, вазири корҳои дохилии Ингушистон Руслан Мейриев аз вазифа сабукдӯш гардид.                  Президенти ИМА Барак Обама ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи ин амали террористӣ ҳалокгардида ва Ҳукумати Русия ҳамдардӣ баён намуд.                   Дар барқияи Б.Обама гуфта мешавад, ки чунин амалиёти террористиро ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ баровардан мумкин нест. Ба қавли ӯ, ин амали террористӣ шаҳодат медиҳад, ки вазъияти минтақа муташанниҷ буда, дар он ҳаёти сокинони осоишта ва шахсони расмӣ зери хатар қарор дорад.                 Қобили зикр аст, ки Б.Обама баъди хӯҷаини Қасри сафед интихоб шуданаш бори аввал вобаста ба чунин воқеаҳои Русия ҳамдардӣ изҳор намуд.                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 18, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд