АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ
Кобул, 21 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Дар Афғонистон дар ҷараёни интихоботи президенти мамлакат, ки 20 август баргузор гардид, бар асари амалиёти террористӣ 26 нафар, аз ҷумла, сокинони маҳаллӣ ва кормандони политсия ҳалок шуданд. Рӯзи интихобот, аз ҷумла дар Кобул якчанд таркиш рух дод. Дирӯз дар ҳамин ҷо дар натиҷаи тирпарронӣ якчанд силоҳбадаст кушта шуд. Дастаҳои мусаллаҳи «Толибон» рӯзи интихобот маркази вилояти Ҳилманд — шаҳри Лашкаргоҳро ҳадафи ракетаҳо қарор доданд. Хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Бағлон ҷараёни овоздиҳӣ дар натиҷаи ҳуҷуми силоҳбадастон ба шаҳр қатъ карда шуд. Қисмҳои ҳарбии ҳукуматӣ ҳуҷуми силоҳбадастонро зада баргардонданд. Дар ҷараёни задухӯрдҳо дар ин ҷо сардори политсияи маҳаллӣ ва чанд корманди политсия ба ҳалокат расид. Аз рӯи хабарҳои расида, президенти ҳозираи Афғонистон Ҳомид Карзай ва рақиби асосии ӯ Абдуллои Абдулло дар интихобот натиҷаҳои баробар ба даст оварданд. Теъдоди тарафдорони Карзай дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқӣ зиёданд, Абдуллои Абдуллоро дар вилоятҳои шимол ва шарқ бештар дастгирӣ мекунанд. Дар бораи натиҷаҳои интихобот дар вилоятҳои ғарбии Афғонистон то ҳол ягон маълумот нарасидааст. Аз рӯи маълумоти Комиссияи мустақили интихобот рӯзи овоздиҳӣ тақрибан 5 фоизи қитъаҳои овоздиҳӣ баста буданд. Бояд гуфт, ки маълумоти Комиссияи мустақили интихобот ва маълумоти бадастовардаи журналистон аз ҳамдигар фарқи калон доранд. Натиҷаҳои интихобот то 3 сентябр маълум хоҳад гашт.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад






