АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Азхудкунии заминҳо дар ҷумҳурӣ сол то сол коҳиш меёбад. Бино ба гуфти раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҷалил Пириев, суръати азхудкунии заминҳои нав солҳои охир нисбат ба солҳои 1991 аз 12 то 0, 9 ҳазор гектар дар як сол коҳиш ёфтааст. Ин дар мавридест, ки шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ сол аз сол афзоиш меёбад. — Бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ азхудкунии заминҳо низ бояд зиёд гардад, ва гар на таъмини аҳолӣ бо озуқа кам шуда, амнияти озуқавории кишвар халалдор мегардад ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, махсулоти чорво ; гӯшт, шир, тухм боз ҳам коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки суръати азхудкунии заминҳои нав ҳамасола аз 5 то 10 ҳазор гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аммо тавре ки мушоҳида мегардад, ҳар сол ба ҷои азхудкунии заминҳо аз 4 то 8 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда аз истифода берун мемонанд,- мегӯяд олим. Соли 2007 аз 718,9 ҳазор гектар замини обёришаванда 7,2 ҳазор гектар мавриди истифода қарор наёфт. Соли ҷорӣ 80 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда бо сабабҳои дучоршавӣ ба эрозия аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуданд. Ин боис шуд, ки соли ҷорӣ нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохили кишвар боз ҳам боло равад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






