БА ҲАР ГУНА ОВОЗАҲО БОВАР НАКУНЕД !
7 август дар сайти интернетии «Авесто» таҳти сарлавҳаи «Табларзаи хунин аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд» хабар чоп гардид. Дар он гуфта мешавад, ки аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ дар ноҳияи Турсунзода 24 нафар аз бемории табларзаи хунин вафот кардааст. Яке аз онҳо сардухтури бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Турсунзода Аскар Умаров мебошад. Дар хабар гуфта мешавад, ки рафту омад ба қишлоқи Зиератут манъ карда шудааст. Роҳҳои даромаду баромади деҳаро кормандони милиса посбонӣ мекунанд, дар деҳа карантин ҷорӣ карда шудааст. Аз хабари мазкур маълум мешавад, ки манбаи паҳнгардидани беморӣ ҷасади аз Русия овардашуда аст. Дар ин хусус муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Аъзамҷон Мирзоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд: — Бояд гуфт, ки на ҳамаи далелу рақамҳои дар мақола зикршуда ҳақиқати воқеӣ доранд. Масалан, аз ин беморӣ дар Турсунзода на 24 , балки ҳамагӣ 3 нафар вафот кардааст. Дуруст аст, ки дар байни онҳо мудири шӯъбаи шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳр низ ҳаст. Вай зимни расондани кӯмаки аввалини тиббӣ ба беморон ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Дар ноҳияи Турсунзода то имрӯз ҳамагӣ 5 нафар бемор дар шифохона табобат карда мешаванд. Қайд кардан лозим аст, ки рафту омад ба деҳаи Зиератут ва деҳаҳои дигари ноҳияи Турсунзода манъ карда нашудааст. Гурӯҳи кории вазорати тандурустӣ барои ошкор намудани манбаи беморӣ ба ин ҷо фиристода шуд. Бояд гуфт, ки паҳнкунандаи асосии бемории мазкур канаҳо мебошанд. Бемории табларзаи хунин аз чорво ба организми инсон сироят мекунад. Нишонаҳои асосии он баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, хунрезии рагҳои зери пӯст ва узвҳои дохилӣ мебошанд. Бо камоли боварӣ гуфта метавонам, ки ин беморӣ аз Русия ба ҷумҳурии мо оварда нашудааст. Бинобар ин аз кормандони мӯҳтарами воситаҳои ахбори оммавӣ хоҳиш карда мешавад, ки зимни инъикоси ин ё он воқеа на ба маълумоти ғайрирасмӣ, балки танҳо ба маълумоти расмӣ истинод намуда, аҳолиро ба воҳима наандозанд. Тарҷумон — Қудратов А.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






