БАЗМИ ХОВАЛИНГИҲО ДАР КӮЛОБ

Август 18, 2009 15:18

              Кӯлоб, 18 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар робита ба иҷрои амалии Қарори раиси вилояти Хатлон оид ба гузаронидани рӯзҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа бо мақсади мусоидат ва ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ, ҳамзамон намоиш додани комёбиву дастовардҳои заҳматкашон дар боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳри Кӯлоб намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои фарҳангии аҳли заҳмати ноҳияи Ховалинг баргузор гардид. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба шаҳрвандон миқдори зиёди гандум, лубиёгиҳо, маҳсулоти ширию гуштӣ, сабзавоту полезиҳо бо нархҳои нисбатан арзон пешкаш гардиданд. Бояд гуфт, ки тибқи низомнома ин намоишгоҳҳо ба тариқи озмун сурат мегиранд ва ба шартҳои махсус ҳакамони тахассусӣ баҳогузорӣ менамояд.              Дар роҳравҳои боғи фарҳанг маҳсули ҳунари чеварону заргарон, чӯбтарошону кандакорон, ошпазону кадбонуҳо ба маъраз гузошта шуда буданд. Пири ҳунармандони Ховалинг Бобои Устоғулом Қодирӣ суруди маъмулии «Бузакам, ҷиги-ҷиги»-ро замзама мекард. Ногуфта намонад, ки ба ин рӯз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия хеле хуб омодагӣ гирифта, ҳар яке гӯшаҳои идонаро ба таври хоса оро дода буданд, ки аз заҳмати аҳлонаи онҳо гувоҳӣ медод.              Бояд гуфт, ки анҷомбахши чорабинии мазкур намоиши барномаи мукаммали консертӣ буда, бо мақсади дарёфти падидаҳои нави олами ҳунар роҳандозӣ мегардад.  Дастаи ҳаваскорони санъати ноҳия барномаи «Базми садоқат»-ро иборат аз суруду таронаҳои ватанхоҳона, саҳнаву рақсҳои дилошӯб пешкаши ҳакамон ва ҳаводорони суруду мусиқӣ гардониданд. Баргузории озмуни мазкур бо ширкати кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят идома ёфта, дар арафаи соли нави мелодӣ ҷамъбаст мегардад ва ғолибонро тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Ҳукумати вилояти Хатлон интизоранд.  

Август 18, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд