БЕМОРИҲОИ ХАВФНОК ТОРАФТ БЕШТАР ПАҲН МЕГАРДАНД

Август 7, 2009 11:24

                     Маскав, 7 август. (АМИТ»Ховар» — ЛТВ.ру). — Тибқи хабарҳои аз Маскаврасида дар давоми рӯзҳои охир дар қаламрави Федератсияи Русия 55 шахси бемор ба қайд гирифта шуд. ки ба бемории А/H1N1 гирифтор шудаанд. Аз ҷумла, дар Маскав 34 бемор ба қайд гирифта шуд.                    Ба қавли сардори шӯъбаи раёсати назорати санитарию эпидемиологии Маскав ҳамаи беморон бачагони аз 3 то 17 сола буда, баъди истироҳати тобистона аз мамлакатҳои хориҷӣ ба Русия баргаштанд. Хабар дода шуд, ки шумораи чунин беморон айни ҳол дар мамлакатҳои Амрико, Испания, Ҷопон, Доминикан, Британияи Кабир, Кипр, Таиланд ва Чин хеле зиёд аст. Ба падару модарон тавсия дода шуд, ки фарзандонашонро ба ин мамлакатҳо нафиристанд.                    Инчунин рӯзҳои охир дар вилояти Тсинхойи Ҷумҳурии Мардумии Чин бемории хавфноки тоун паҳн мешавад. Шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ се сокини маҳаллӣ вафот кард. Айни ҳол 200 нафар шахси бемор дар шифохонаҳо ҷой дода шудаанд.

Август 7, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад