БЕМОРИИ А/Н1N1 ДАР ҚИРҒИЗИСТОН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Август 26, 2009 14:55

                   Бишкек, 26 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Дар Қирғизистон ду нафар ба қайд гирифта шуд, ки ба бемории А/Н1N1 гирифтор шудааст. Ба қавли сардухтури давлатии санитарии Қирғизистон Собирҷон Абдукаримов, 18 август ду нафар бемор дар шифохона ҷой дода шуд, ки дар онҳо аломатҳои бемории мазкур мушоҳида мешуд. Ташхиси дар Новосибирск гузаронидашуда бемории онҳоро тасдиқ намуд.                   Қайд карда шуд, ки яке аз беморон 14 август аз сафари Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ба воситаи Алмаато ба Бишкек баргаштааст. Маълум гардид, ки беморӣ ба организми ӯ зимни сафар дар хориҷа сироят намудааст. Беморӣ баъди чанд рӯз ба ҳамсари бемор гузаштааст.                  Ба ҳар дуи бемор дар шифохона сари вақт кӯмаки тиббӣ расонда шуд. Ҳоло онҳо аз шифохона ҷавоб шудаанд ва баъди табобат таҳти назорати духтурон қарор доранд, гуфт Абдукаримов.                   Чанд рӯз пеш ин масъала дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳокима шуд. Мувофиқи қарори қабулшуда дар майдонҳои ҳавоии шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш дастгоҳҳои сайёри муоинаи тиббӣ гузошта мешаванд. Вазорати тандурустии Қирғизистон ба созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки барои пешгирӣ ва табобати ин бемории хавфнок кӯмак расонанд.                   Аз рӯи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари ҷаҳон бештар аз 230 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст. То имрӯз аз ин беморӣ зиёда аз 2,1 ҳазор нафар вафот кард. Қисмати бештари беморон дар Мексика, Британияи Кабир, Олмон ва ИМА ба қайд гирифта шудаанд.  

Август 26, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад