БУНЁДИ 46901 ГЕКТАР БОҒ ТО СОЛИ 1014

Август 31, 2009 11:08

                  Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 августи соли ҷорӣ нақшаи бунёди боғу токзорҳо дар қаламрави кишвар барои солҳои 2010-1014 тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур дар давоми 5 сол дар ВМКБ 177 гектар боғ бунёд карда мешавад, ки аз он 141,7 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.                   Инчунин, дар вилояти Суғд дар давоми 5 соли муқарраргардида 20 ҳазор гектар боғ, аз ҷумла 10 ҳазору 553 гектар зардолузор ва 1 ҳазору 685 гектар токзор бунёд карда хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон 22 ҳазору 700 гектар боғ бунёд мегардад, ки аз он 5 ҳазору 660 гектар зардолузор ва 2 ҳазору 266 гектар токзор мебошад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ боршад, бунёди 4024,3 гектар боғ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 359 гектар зардолузор ва 1 ҳазору 65 гектар токзор мебошад.                   Гуфтанист, ки дар давоми солҳои 2010-2014 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 46 ҳазору 901 гектар боғ, аз ҷумла 16 ҳазору 714 гектар зардолузор ва 5 ҳазору 15 гектар токзор бунёд хоҳад гашт.

Август 31, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад