ЧАҲОР НУҚТАИ ФУРӮШИ АФЮН БАРҲАМ ДОДА ШУД
Бадахшон, 28 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 4 моҳ қабл гурӯҳи ҷавонони шаҳри Хоруғ тариқи радиову телевизиони маҳаллӣ ва рӯзномаи «Бадахшон» ба сокинони маркази вилоят муроҷиат намуданд, ки дар рафъи вабои аср: нашъамандӣ бояд ба мақомоти қудратӣ мадад расонд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзи 27-уми август дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар шаҳри Хоруғ натиҷаи муроҷиатнома мавриди муҳокима қарор гирифт. Садри бахши вилоятии Агентии назорати маводи мухаддир Муродҳусейн Алиёров дар Шӯро иттилоъ дод, ки дар давоми чаҳор моҳи охир бо кӯмаки аҳли ҷомеа мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳр пурзӯр гардид. Дар натиҷа чаҳор нуқтаи фурӯши маводи мухаддир барҳам дода шуда, яке аз нашъафурӯшон дастгир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






