ЧИН СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКИРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бунёди нерӯгоҳҳо дар ояндаи наздик мавқеи иқтисодии кишварро миёни давлатҳои минтақа ба дараҷаи назаррас мустаҳкам хоҳад кард. Тибқи созишномаҳое, ки 4 -уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид, аз ҷонибӣ Чин барои амалигардонии лоиҳаҳои бунёди НБО «Нуробод» 560 млн. доллари ИМА, лоиҳаи истгоҳи барқу гармидиҳии Душанбе — 400 млн., барои гузаронидани корҳои иловагӣ дар хатҳои интиқоли нерӯи барқи «Лолазор — Хатлон» ва «Ҷануб шимол» — 61, барои бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Данғара 51 млн. долари ИМА, ки дар маҷмӯъ беш аз 1 миллиардро Ташкил медиҳад, ҷудо мекунад. Чунон ки маълум гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои иқтисодии худро дар соли 2009 бо ҷумҳурии Тоҷикистон бештар самарабахш мегардонад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






