ЧОВАНДОЗОНИ ТОҶИК БА БИШКЕК РАФТАНД
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дар ипподроми «Оқкӯл» — и шаҳри Бишкек ба шарафи Иди истиқлолияти Қирғизистон мусобиқаи калони бузкашӣ баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон дастаи мунтахаби човандозон дар ҳайати 12 нафар иштирок мекунад. Ба дастаи мазкур човандозони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе шомил гардиданд. Хабар дода мешавад, ки дар мусобиқаи бузкашӣ ба шарафи Иди истиқлолияти Қирғизистон дастаҳои човандозони Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






