ДАР ХАТЛОН ДУХТУРОНИ ТИББИ ОИЛАВИРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо мақсади вусъат додани ҷараёни тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар минтақаҳо, дар доираи амалисозии нақшаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тайёр намудани мутахассисони тиббӣ оилавӣ дар солҳои 2006-2010» ва дар сатҳи ғайримутамарказ ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ Шўъбаи байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ дар ноҳияҳои Кўлоб, Данғара ва Шаҳритус таъсис дода шуд. Тавре аз раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чунин Шӯъбаҳо бо дастгирии техникии Лоиҳаи Сино, Бонки Осиёгии Рушд, Вазорати тандурустӣ, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, маъмурияти Беморхонаҳои марказӣ ноҳияҳо ва Ҳукумати маҳаллии ноҳияҳо таъсис дода шуданд. Даври якуми бозомўзии мутахассисони тибби оилавӣ дар Шўъбаҳои байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавии ноҳияҳои Кўлоб, Данғара ва Шаҳритус оғоз гардид. Айни ҳол дар Шўъбаи ноҳияҳои Кӯлоб 17 нафар, Данғара 15 нафар ва дар Шаҳритус 15 нафар мутахассисон таҳсил доранд. Инчунин барои Шўъбаҳои мазкур дар шаҳри Душанбе духтур-омўзгор ва ҳамшира-омўзгор тайёр шуда истодаанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






