ДАР ИМА ҶИНОЯТИ ВАЗНИН ФОШ КАРДА ШУД

Август 29, 2009 10:35

                Элдорадо, 29 август. (АМИТ «Ховар» — ЛТВ.ру). — Ин ҷиноят, ки 18 сол пеш содир шуда буд, тамоми Амрикоро ба ларза оварда буд. Шахсони номаълум духтарчаи 11 — соларо дар рӯзи равшан зимни ба мактаб рафтанаш дар пеши чашми падару модараш дуздида буданд. Аз ҳамон лаҳза сар карда то имрӯз тақдири духтар маълум набуд. Тавре ки баъдан маълум шуд, духтарча тамоми солҳои гузаштаро дар асорат гузаронидааст.                 Чанд рӯз пеш Ҷейси Ли Дагард ном зан ба шӯъбаи политсияи шаҳри Элдорадои иёлати Калифорния муроҷиат кард. Ин зан ҳамон духтаре буд, ки 18 сол пеш ӯро дуздида буданд.                 Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки Ҷейси тӯли ин солҳо дар шаҳри Антиокаи музофоти Сан — Франсиско, тақрибан 300 километр дуртар аз хонаи падару модараш зиндагӣ кардааст. Духтарчаро Филип Гарридо ном шахс бо кӯмаки ҳамсараш дуздидааст.                  Ҷейси ҳоло 28 сола мебошад. Вай нақл кард, ки имрӯз соҳиби ду духтар аст. Корманди политсия ба хабарнигорон гуфт, ки духтарчаи рабудашуда қисми зиёди умри худро дар хаймаҳо, саройҳо ва иморатҳои хоҷагӣ гузаронидааст. Ҷейси ва духтарчаҳои ӯ умуман ба мактаб нарафтаанд ва духтур ягон маротиба онҳоро муоина накардааст. Бо вуҷуди ин вазъи саломатии модару духтарчаҳои ӯ хуб мебошад.                    Рабояндагони Ҷейси — зану шавҳар Филип ва Ненси Гарридо дастгир карда шуданд. Онҳо ба дуздидани одамон ва таҷовуз ба номус гунаҳкор карда шуданд. Вале онҳо метавонанд, то оғози мурофиаи суд ба ивази як миллион доллари ИМА гарав ба озодӣ бароянд.                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 29, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад