ДАР РАШТ ҲОСИЛИ ГАНДУМ БАЛАНД АСТ
Рашт, 5 август. (АМИТ «Ховар», Ризвонов М.).- Бинобар сабаби боронҳои пай дар паи баҳори соли равон дарави ғалла дар хоҷагиҳои ноҳия нисбати соли гузашта 10-15 рӯз дертар оғоз ёфт. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 5993 гектар ғалладона кишт намуданд, ки аз ин 5193 гектарашро гандум ташкил медиҳад. Аксари хоҷагиҳо аз набудани комбайнҳои ғалладаравӣ ғаллазорҳояшонро бо аҳли оилаҳояшон ҳашар намуда дастӣ медараванд. Дар даҳрӯзаи аввали мавсим 1320 гектар майдони гандум аз дарав бароварда шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектаре 28-29 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли гузашта, 9-10 сентнерӣ зиёд аст,-гуфт зимни сӯҳбат сардори шӯъбаи омори ноҳия Зайниддин Манонов. Рафти дарав дар хоҷагиҳои Нусратулло Махсум, Нимич, Боқӣ Раҳимзода, Қаланак хуб аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






