ДАР ТОТОРИСТОН ГУРӮХИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОР БАРҲАМ ДОДА ШУД

Август 28, 2009 10:16

                    Маскав, 28 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Кормандони Раёсати хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия дар Ҷумҳурии Тотористон чанд рӯз пеш фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро қатъ намуданд, ки ба интиқол ва фурӯши маводи нашъадори Афғонистон дар Тотористон машғул буд. Дар натиҷаи амалиёти махсус қариб 13 килограмм героин, 2 туфангча ва як қулфаки граната мусодира карда шуд. Инчунин сардори гурӯҳи ҷинояткор ва ду нафар шарики ӯ дастгир карда шуданд.                     Ба кормандони милиса хабар дода шуд, ки маводи нашъадори Афғонистон аз Маскав ба воситаи қатори роҳи оҳан ба Қазон оварда мешавад. Онҳо дар ҷараёни амалиёт шахсияти қочоқчиёнро муайян ва вақту маҳалли доду гирифти маводи нашъадорро муқаррар намуданд.                     Кормандони милиса роҳи ҳаракати қочоқчиёнро таҳти назорат гирифта, дар истгоҳи роҳи оҳани Қазон як нафар зани 50 — солаи дорои сумкаи вазнин ва посбони 35 — солаи онро дастгир намуданд. Зимни кофтукови зан аз зери борҳои сумкаи ӯ қариб 10 килограмм героин ёфт шуд. Маводи нашъадор дар шишаҳои пластикии нимлитира ҷой карда, даҳони онҳо бо пули миллии Тоҷикистон маҳкам карда шуда буданд. Аз посбони зани қочоқчӣ як туфангча ва қулфаки гранатаи дастӣ мусодира карда шуд. Шишаҳои пластикии маводи нашъадор бо рақами 999 тамға зада шуда буданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки сифати маводи нашъадор дараҷаи олӣ дорад.                   Дар баробари ин як марди 40 — сола дастгир карда шуд, ки ташкилкунандаи фаъолияти гурӯҳи ҷинояткорон мебошад.

Август 28, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст