ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҲСИЛ БА РУСИЯ РАФТАНД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирўз, 26 август 8 нафар донишҷўёни тоҷик тибқи квотаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макотиби олии ҳунарии Федератсияи Русия равона карда шуданд. Аз ҷумла, 5 нафар ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги шаҳри Маскав, 3 нафар ба Донишгоҳи ҳунарӣ-бадеии шаҳри Маскав, 1 нафар ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург, 2-нафар ба Донишкадаи умумирусиягии киноматографияи шаҳри Маскав барои таҳсил рафтанд. Тибқи иттилои мудири шўъбаи илм ва робитаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов боз 5 нафари дигар 28- август ба Академияи фарҳанг ва санъати ш. Челябинск, 31 август 3 нафар ба Консерваторияи давлатии Урал ва 7 сентябр 3 нафар ба аспирантураи Академияи фарҳанг ва санъати ш. Челябинск фиристода мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки онҳо дар макотиби олии номбурда равияҳои санъат- режиссёри театр, кино, овозхони академӣ, иҷрокунандагӣ, балет, туризм, ҳунарҳои бадеӣ ва рассомиро меомўзанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






