ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ВА ОМӮЗГОРИРО БАДНОМ КАРДАНД
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ муайян карданд, ки собиқ ассистенти факултаи «Иқтисод ва идора» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимҷон Аҳмадов, аз сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд «Н» (номаш барои халалдор нашудани кори тафтишот махфӣ нигоҳ дошта мешавад) барои дохил намудани ҷиянаш ба шӯъбаи рӯзонаи гурӯҳи шартномавии факултаи мазкур, ғайр аз маблағи муқарраршудаи шартнома бо роҳи тамаъҷӯӣ боз 2500 доллари амрикоӣ пора гирифта ба даст афтод. Нисбати ӯ раёсати тафтишоти агентӣ бо моддаи 324 қ.1 КҶ ҶТпарвандаи ҷиноӣ кушода тафтиш мебарад. Кормандони ниҳоди мазкур, амали тамаъҷӯёнаи мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ Аҳмад Абдураҳмонов, ва миёнрав Ҳасан Обидовро мавриди санҷиш қарор дода, ҳангоми гирифтани пора онҳоро дастгир намуданд. Акнун Аҳмад Абдураҳмонов бо моддаи 319 қ.1 ва Ҳасан Обидов бо моддаи 36 қ.4 ва 319 қ.1 — и КҶҶТ дар назди кормандони тафтишоти агентии мазкур ҷавоб мегӯянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






